- зада
- [زده]1. сифати феълии замони гузашта аз задан2. збш. дар вақти талаффуз бо қувваи овоз ё бо оҳанги талаффуз таъкид карда шудани яке аз ҳиҷоҳо дар калима ва ё яке аз калимаҳо дар ҷумла; аломати зада аломате, ки ба ҳиҷои заданок ишора мекунад (΄); зада баромадан бо суръат берун шудан, шитобон хориҷ шудан аз ҷое; зада гирифтан зӯран гирифтан, кашида гирифтан; зада даромадан бошиддат ва якбора дохил шудан ба ҷое; зада куштан зарба зада ба қатл расондан; то ба дараҷаи мурдан мушту лагадкӯб кардан касеро; зада шудан а) зарба хӯрдан; зарар дидан; б) маҷ. нузул ёфтан, ронда шудан аз коре
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.